Қурби 1000 рубл дар як рӯз 30 сомонӣ поин рафт
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон тайи ду рӯзи охир беш аз 30 сомонӣ поин рафта, имрӯз, 17-уми декабр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори маркази Душанбе 1000 рубл ҳамагӣ 64-66 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки аввали ҳафтаи равон, яъне рӯзи душанбеи 15-уми декабр 1000 рубл дар Душанбе аз 92 то 97 сомонӣ арзиш дошт.
Дар худи Русия низ қурби рубл ба таври бесобиқа поин рафта, феълан як доллар беш аз 80 рубл арзиш дорад. Бонки Марказии Русия барои нигоҳ доштани қурби рубл меъёри бозтамвилро аз 10.5 то 17 дар сад боло бурд, вале то ҳол натиҷае надод.
Коршиносон ин вазъро пайомади арзоншавии нафт ва таҳримоти Ғарб алайҳи Русия медонанд.
Дар ҳамин ҳол қурби доллар дар Тоҷикистон то ба 5,60-5,62 сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон бо дахолати Бонки Миллӣ, ки ҳамарӯза то 4 миллион долларро барои устувор нигоҳ доштани сомонӣ ба бозор мерехт, як доллар ба 5,28-5,30 сомонӣ баробар буд. Аммо зоҳиран захираҳои Бонки асосии Тоҷикистон низ майл ба камӣ доранд, чун танҳо дар давоми қариб се ҳафтаи охир арзиши як доллар босуръат майли гаронӣ дорад.