Маҳмудҷон РАҲМАТОВ
Додгоҳи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, 4 нафареро, ки дар се моҳи пеш бо гумони пайравӣ ба ҷараёни ифротгарои Салафия дар ноҳияи Фархор боздошт шуда буданд, мутаносибан ба 5 ва 6 солу 2 моҳ маҳкум ба зиндон кард.
Додгоҳи минтақаи Кӯлоб ҳукми худро нисбати чаҳор сокини ҷавони ноҳияи Фархори вилояти Хатлонро рӯзи чаҳоршанбеи 10 декабр эълон кард. Ба ин тартиб додгоҳ, нисбати Эраҷ Алиев, Идрис Эсанов ва Баҳром Абдуғафоров ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати 5 – солӣ ва барои Абдураҳмон Исмонов 6 солу ду моҳи зиндонро раво донист. Масъулони додгоҳи минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки ин афродро мутобиқи моддаи 189, қисми 2, банди «г», яъне, «барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ анҷом дода шудааст» муҷрим шинохта шуда ва маҳкум ба зиндон шуданд. Дар ҳамин ҳол пайвандони ин афрод, ки аз 30 то 35 сол доранд, ҳукми додгоҳро беасос хонда ва гуфтаанд, ки алайҳи он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебаранд.
Зимнан, мақомоти интизомии Тоҷикистон ин чор нафарро моҳи июли соли ҷорӣ ба гумони пайравӣ аз ҷараёни тундрав ва мамнӯъи Салафия дар ноҳияи Фархор замоне боздошт кардаанд, ки чанде аз онҳо дар дохили бозори марказии ноҳия ақоиди ин равияро тарғиб мекарданд. Эмомалӣ Амиров, масъули Кумитаи кор бо дин дар ноҳияи Фархор он замон гуфта буд, ки ин афрод аз дер боз бо рафторҳои ғайримаъмулии худ зери назари мақомот қарор доштанд ва онҳо замоне боздошт шудаанд, ки дигар шубҳае ба шомил будани онҳо дар ҷараёни Салафия боқӣ намонда буд. Ҷаноби Амиров гуфта буд, “Мутаассифона, бо вуҷуди таъкид дар масҷидҳо, ки дар мазҳаби Имоми Аъзам пойдор бимонед, бархе боз бо чунин роҳи хато мераванд. Мушоҳида мешуд, ки ин ҷавонон дар масҷид ба таври дигар намоз мегузоранд. Намози ҷумъае нест, ки имомхатибон аз покии мазҳаби Имоми Аъзам сӯҳбат накунанд. Бисёриҳо дарк мекунанд, аммо мисли ин ҷавонон, ки мағзашон дигар чизро қабул намекунад, ба амалҳои хилофи шариату қонун давом медиҳанд," -- гуфт ҷаноби Амиров.
Аммо дар ҳамин ҳол, Абдуғаффор Абдураҳмонов, падари Баҳром Абдуғаффоров, ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзандаш ба ҳеҷ равияи ғайриқонуние шомил набуд. Ӯ мегӯяд, фарзандаш дар бозори марказии Фархор тиҷорат дошт ва ҳеҷ гоҳе мушоҳида накардааст, ки чӣ дар хона ва ё ҷои кор ӯ дар мавзӯи мазҳабӣ сӯҳбату баҳс карда бошад. Вай гуфт, “Панҷ фарзанд дорад. Бачаи беақл набуд, ки ба чунин роҳ равад. Омаданд, бе ягон асос хонаашро кофтанд. Фақат риш дошт, вале умуман дар бораи ин равияҳо чизе намедонист. Ӯ қонунро хуб медонист ва ба хотири ҳамин 5 фарзандаш ҳеҷ гоҳ коре хилофи қонун намекард. Бовар дорам, ки ӯ бегуноҳ аст. Ҳоло барояш вакили дифоъ мегирам ва бовар дорам, ки озод мешавад."
Дар ду соли гузашта беш аз 10 нафар дар ин минтақа бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи салафӣ ё ҳамдастӣ бо он ҷазо гирифта, бархе аз онҳо бар пояи Қонуни афви арафаи 20-солагии Қонуни асосии Тоҷикистон аз маҳбас озод шудаанд. Салафия равияест, ки пайравонаш бо тариқи хоси намозгузорӣ ва андешаву афкор дар мавриди ислом аз пайравони мазҳаби ҳанафӣ фарқ доранд. Ин равия тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон сар аз соли 2008 дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд. Пайравони ин равияи ифротӣ аксаран дар Арабистони Саудӣ ҳастанд.Эмомалӣ Амиров, масъули Кумитаи кор бо дин дар ноҳияи Фархор