Боздошти ду “руҳонӣ” дар Ваҳдат
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду руҳонӣ дар шаҳри Ваҳдат хабар доданд, ки дар таълимоти ғайриқонунии динӣ муттаҳам мешаванд.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, рӯзи 15-уми декабр Аҳроров Комилҷони 37-сола боздошт шуд: “Муайян шуд, ки ин сокини Ваҳдат муддати 6-сол дар манзили истиқоматиаш ба ноболиғон: А.М. соли таваллудаш 1997, А.Ҳ. соли таваллудаш 2001, Р.Қ. соли таваллудаш 2001, А.У. соли таваллудаш 2001, сокинони ҳамин ноҳия ва С.А. соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Ромит таълимоти ғайриқонунии динӣ медодааст.”
Манбаъ афзуд, ки худи ҳамон рӯз инчунин Рашидов Саидмумин, сокини дигари 39-солаи Ваҳдат боздошт гардид, ки муддати 5-сол дар манзили истиқоматиаш ба ноболиғон аз Душанбею Ваҳдату Ёвону Рӯдакию Тавилдара бо роҳи зӯроварӣ таълимоти динӣ медодааст: “Аз ҷумла ба шогирдонаш - Н.Қ. соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Тавилдара, Ш.М. соли таваллудаш 2004, А.А. соли таваллудаш 2004, сокинони шаҳри Душанбе, М.С. соли таваллудаш 2004, Р.А. соли таваллудаш 2002, Т.М. соли таваллудаш 1999, сокинони шаҳри Ваҳдат, В.Б. соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Ёвон, А.Қ. соли таваллудаш 2005, Ю.Ф. соли таваллудаш 2008, Х.С. соли таваллудаш 1995, Х.Х. соли таваллудаш 2001, Ҳ.А. соли таваллудаш 2009, Қ.А. соли таваллудаш 2004, сокинони ноҳияи Рӯдакиро бо тариқи лату кӯб таълимоти ғайриқонунии динӣ меомӯзонидааст.”
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.