ВИДЕО: Ташаккури Кабирӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ва даъват ба сабр
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, сабри онҳо ҳудуд надорад ва то замоне сабр мекунанд, ки сабри дигарон дар баробари онҳо нашиканад. Ӯ ин нуктаро аснои суханронӣ дар анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, иброз дошта, бори дигар пайравонашро ба сабру ҷасорат ва риояи қонун даъват кард.
Кабирӣ аз соли 2000 то 2010-ро беҳтарин марҳалаи рушди Тоҷикистон унвон кард, зеро ба қавли ӯ, дар чеҳраи ҳама табассум буд ва кишвар аз нигоҳи рушди иқтисодию демократӣ пешрафтҳо дошт. Раиси ҲНИТ гуфт, он замон аз мухолиф то ҳукуматдорон дар хидмати мардум буданд: “Барои ин давра ба президенти муҳтарами кишвар ташаккур мегӯем”. Дар идома афзуд, аммо бо интихоботи соли 2010-и парлумонӣ вазъ тағйир ёфт, “даъват мекунем дигар он интихоботро такрор накунанд. Интихоботи моҳи март сода нахоҳад буд”.
Муҳиддин Кабирӣ афзуд, ҲНИТ ҳизбе нест, ки бо фишору таъқибҳо тавонанд ба он таъсир расонанд: “Ба касе, ки мехоҳад аз ҲНИТ хатар тарошад гуфтаниам, ба ҳадаф намерасад”.
Кабирӣ дар идомаи суханронӣ аз муҳоҷирон даъват кард, то интихобот ба Ватан биёянд. Ӯ гуфт, 90 дарсади муҳоҷирон бо далели фароҳам нашудани шароит имкони ширкат дар интихоботро надоранд. Раиси ҲНИТ афзуд, муҳоҷирон бояд дар фикри таҳрими интихобот нашуда, баракс дар ин маъракаи сиёсӣ иштироки фаъол дошта бошанд. Гуфт, агар имкони иштирок дар овоздиҳиро надоранд, аз хешу табори худ даъват намоянд, то дар Ватан ба ҷонибдории ҲНИТ раъй бидиҳанд.
“Вақте мо мегӯем Тоҷикистон барои ҳама, дар ватандорӣ набояд фарзанди угай бошад”,-гуфт ӯ ва изҳор дошт, дер ё зуд ба пирӯзӣ хоҳанд расид.
Бо назардошти суханронии иштирокдорони анҷуман Шӯрои сиёсии ҲНИТ муваззаф шуд, бо дархости баргузории интихоботи шаффоф аз номи вакилон муроҷиатномае таҳия намуда ба тамоми ниҳодҳои марбута ирсол намояд.