Даргузашти генерал: Ҷанозахонӣ дар Душанбею дафн дар Данғара
Маросими видоъ бо генерал Суҳроб Қосим дар хонааш дар Душанбе бо ҳузури вазирону кабирони ҳукумати Тоҷикистон гузашт.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз хонаи Суҳроб Қосим хабар дод, барои видоъ бо генерали марҳум субҳи имрӯз, 16-уми декабр Шерхон Салимзода, додситони кул, Муродалӣ Алимардон, ноиби сарвазир, Абдураҳим Қаҳҳоров, собиқ вазири умури дохилӣ ва котиби феълии Шӯрои амният, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба хонаи ӯ ҳозир шудаанд.
Манбаъ гуфт ҷанозаи генерал дар масҷиди марказии Душанбе соати 13:00 хонда шуд ва пас аз он ҷасадро ба ноҳияи Данғара интиқол доданд.
Генерал Суҳроб Қосим, собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ шаби гузашта бар асари бемории тӯлонӣ дар синни 53-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳамсояҳои Суҳроб Қосим дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, вақтҳои охир марҳум аз бемории саратон ранҷ мебурд.
Генерал Суҳроб Қосим дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун як фармондеҳи Фронти халқӣ ном бароварда, баъди истиқрори сулҳ то соли 2007-ум фармондеҳии бригадаи зудамали таъйиноти махсуси вазорати умури дохилаи Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Аз соли 2002 то 2012 Федератсияи футболи Тоҷикистонро раҳбарӣ кардааст.
Ӯ 2 сентябри соли 1961 дар собиқ ноҳияи Совет, ҳоло Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1968 оилааш ба ноҳияи Данғара кӯч бастааст. То солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳайси муаллим дар интернати рақами 3-и Душанбе фаъолият доштааст. Устоди варзиши собиқ СССР аз рӯи тенниси рӯи мизӣ буда, дар соҳаи муҳорибаҳои шарқӣ низ маҳорат доштааст.