Кумитаи амният: Мамадбоқиров як корманди амниятро бо тапонча захмӣ кард
Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшони Куҳӣ бо нашри як изҳорот Мамадбоқир Мамадбоқиров, собиқ қумандони мухолифин дар Бадахшонро дар захмӣ кардани як корманди амниятӣ муттаҳам кардааст.
Дар ин изҳорот гуфта мешавад, Мамадбоқир соати 14:00-и рӯзи 15 декабр дар маҳаллаи “Бархоруғ” “бо чанд нафар гуруҳи авбошон, бе иҷозати расмӣ ба объекти муҳими давлатӣ – шӯъбаи дар шаҳри Хоруғ будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашта, ба яке аз кормандони ин сохтор ҳуҷум кард ва бо истифода аз дастаи таппонча ӯро захмӣ намуд”.
Ба иттилои манбаъ, кормандони КДАМ Мамадбоқировро боздошт ва аз ӯ таппончаи тамғаи “ПМ”-и берақам бо 16 дона тир мусодира кардаанд. “Баъди суҳбати профилактикии сесоата, М.Мамадбоқиров бо таъкиди надоштани иҷозати тарки макони истиқомат озод карда шуд. Дар ин амалҳои ҷиноятӣ М.Мамадбокировро як гуруҳ ҷавонони шаҳри Хоруғ ҳамроҳӣ менамуданд. Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид ва тафтишот идома дорад”,-омадааст дар изҳорот.
Рӯзи гузашта як манбаи “Озодагон” гуфт, Мамадбоқиров дар пайи эътирози як гуруҳ сокинони Хоруғи боло алайҳи ифтитоҳи бинои шӯъбаи амнияти Хоруғ аз сӯи мақомоти амниятӣ дастгир шуд. Ба иттилои манбаъ, эътирозгарон гуфтаанд, шаҳри Хоруғ ба ин шӯъба ниёз надорад: “Онҳо инчунин пешниҳод кардаанд, ифтитоҳи шӯъба то омадани Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон, ки феълан дар Душанбе аст, ба таъхир андохта шавад”.
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, аз собиқ фармондеҳони мухолифин дар Бадахшон мебошад, ки дар пайи сулҳи тоҷикон ба хидмати низомӣ ҷалб шудааст ва унвони полковникӣ низ дорад. Аммо мақомоти амниятии Тоҷикистон аз Боқиров ҳамчун “саркарда”-и гуруҳи ҷиноятпеша ном мебаранд, ки қаблан дар тиҷорату гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ ва куштору одамрабоиҳо муттаҳам мешуд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин Мамадбоқировро аз омилони асосии нооромиҳои чанд соли охир дар Бадахшон арзёбӣ мекунанд.