Боздошти Маҳмадбоқиров барои эътирозаш алайҳи амниятиҳо
Мақомоти амнияти Тоҷикистон дар пайи эътирози як гуруҳ сокинони Хоруғи боло алайҳи ифтитоҳи бинои шуъбаи амнияти Хоруғ яке аз эътирозгарон Маҳмадбоқир Мамадбоқиров, собиқ қумандони мухолифин дар Бадахшонро боздошт намудаанд.
Дар ин бора манбаи муътамади “Озодагон” хабар дода, афзуд, ки эътирозгарон алайҳи ифтитоҳи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Хоруғ баромад намуда, таъкид кардаанд, ки шаҳри Хоруғ ба ин шуъба ниёз надорад: “Онҳо инчунин пешниҳод кардаанд, ки ифтитоҳи шуъба то омадани Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон, ки феълан дар Душанбе аст, ба таъхир андохта шавад. Дар пайи таниш Маҳмадбоқиров яке аз эътирозгарон боздошт шуда, баъди чанде дубора раҳо гардидааст.”
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, аз собиқ фармондеҳони мухолифин дар Бадахшон мебошад, ки дар пайи сулҳи тоҷикон ба хидмати низомӣ ҷалб шудааст ва унвони полковникӣ низ дорад. Аммо мақомоти амниятии Тоҷикистон аз Боқиров ҳамчун “саркарда”-и гуруҳи ҷиноятпеша ном мебаранд, ки қаблан дар тиҷорату гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ ва куштору одамрабоиҳо муттаҳам мешуд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин Мамадбоқировро аз омилони асосии нооромиҳои чанд соли охир дар Бадахшон арзёбӣ мекунанд.