Дар деҳаи «Шуриён»-и ҷамоати Эсанбой сониҳаи нақлиётӣ боиси марги 4 нафар гардид.
Тавре аз РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, тахминан соати 16:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра» Қурбонназар Собирови 59 -сола ҳангоми ҳаракат ба роҳи мошингарди рустои мазкур идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 100 метр сарозер мешавад. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофирони дохили сабукрав Ҷӯрабоев Ҷумъаи 56- сола, Абиров Алиҷони 53- сола ва Имомназаров Тошмуҳаммади 61 -сола дар макони ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофири дигар Абиров М ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона бистарӣ мегардад.
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бошад, сарнишини боркаши «ЗИЛ» Муқим Ғоибови 35- сола ҳангоми ҳаракат ба кӯчаи Рӯдакӣ дучархарон Мирзомади Ёрмуҳаммади 16 ва Зоир Ҳусенови 17- соларо зер мекунад. Дар натиҷа, дучархарон бо мусофираш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 11 садамаи нақлиёти ба қайд гирифта шуда, шаш нафар ба ҳалокат расида 12 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтаанд.{jathumbnail off}