Оғози мурофиаи додгоҳии Шуҳрат Қудратов
Нахустин мурофиаи додгоҳии парвандаи пурсарусадои Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси боздоштшудаи тоҷик, рӯзи чаҳоршанбеи 17 декабр дар додгоҳи шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар ин бора ба “Озодагон” Раҳматилло Зойиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов хабар дода, афзуд, тафтишоти парвандаи зерҳимояаш дар ҳоли анҷомёбист ва акнун мурофиаи додгоҳӣ аз рӯзи чаҳоршанбе шурӯъ хоҳад шуд.
Шуҳрат Қудратов аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 320 (гирифтани пора) ва 247 (қаллобӣ) муттаҳам мешавад. Қаблан Раҳматиило Зоиров дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, аз додгоҳ талаб хоҳанд кард, парванда аз рӯи моддаи 320, гирифтани пора қатъ шавад, чун гуноҳи зерҳимояаш аз рӯи ин модда тасдиқи худро наёфт. Ба гуфтаи Зоиров исботи гуноҳ ва бегуноҳии Қудратов аз рӯи ин модда мушкил аст, бинобар ин дархост хоҳанд кард, ки парвандаи гирифтани пора куллан қатъ карда шавад.
Зоиров гуфт, зерҳимояаш аз рӯи моддаи 247, яъне қаллобӣ низ гуноҳашро эътироф накардааст, “вале бо назардошти 4 моҳи ҳабс ва кашолакориҳои мақомоти тафтишотӣ мо аз додгоҳ талаб хоҳем кард, ки Қудратов аз рӯи ин модда афв карда шавад”.
Шуҳрат Қудратов 21 июли соли ҷорӣ боздошт шуда ва то имрӯз дар боздоштгоҳ аст.