Иттилои носаҳеҳи мақомоти рус дар бораи ҷанги ду тоҷик ва фуруди изтирории тайёра
Расонаҳои русӣ навиштаанд, ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии”, ки аз Калининград ба Тошканд парвоз мекардааст, дар пайи низои ду тоҷик дар Самара фуруд омадааст.
Торнамои “Газета.ру” менависад, як шаҳрванди Тоҷикистон талош кардааст, ҳамватани сархуши худро ором созад, аммо миёнашон низоъ бархостааст. Дар натиҷа сарнишинон ҳавопайморо дар Самара нишонда, ин ду нафарро аз он берун кардаанд. Тайёра аз вақти муқаррарӣ 1 соату 50 дақиқа дертар ба Тошканд расидааст. Манбаъ менависад, ҳар ду шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор дошта ва тавассути ин хатсайр мебоист ба Ватан депорт мешуданд. Расонаҳои русӣ дар ҳоле ин ду нафарро "тоҷик" муаррифӣ мекунанд, ки бино ба иттилои дарёфтӣ онҳо шаҳрванди Узбакистонанд. Хабаргузории ТАСС ҳам бо такя ба иттилои Хадамоти амниятии Русия гуфтааст, боздоштшудаҳо шаҳрвандони Узбакистон будаанд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, иттилои носаҳеҳро намояндагони пулис паҳн кардаанд.