Пешбарии 5 марду 1 занӣ аз ҲСТ ва ҲИИТ ба парлумон
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар пайи баргузории анҷуманҳои худ рӯйхати номзадҳояшон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявиро эълом доштанд.
Дар феҳрасти Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5 марду як зан – Абдуҳалим Ғаффоров, Ниёз Ҷумъаев, Зариф Наимов, Изатулло Ғаниев, Маъруфхӯҷа Юсуфов ва Мавлуда Раҷабова номнавис шудаанд. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, панҷ мард ва як зан - Олим Бобоев, Рустам Қудратов, Машраб Файзуллоев, Рустам Назаров, Абдулатиф Раҳимов ва Шаҳрбону Машрабова шомили рӯйхат шудаанд.
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар парлумон ҳеч намояндае надорад, аммо ҲИИТ-ро дар Маҷлиси намояндагон ду вакил намояндагӣ мекунад.