"Сомон Эйр" "садама"-и тайёраашро дар Красноярск шарҳ дод
Ширкати “Сомон Эйр” садамаи “Боинг 737-300”-ашро дар фурудгоҳи “Емеляново”-и Красноярск тасдиқ карда, афзуд, ки он дар натиҷаи бархӯрди трапи мусофирони фурудгоҳ бо тайёра ба вуқуъ пайвастааст.
Тавре аз ин ширкат ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳодиса соати 4-и субҳи 14-уми декабр, баъди он рух дод, ки тайёра бо муваффақият дар фурудгоҳ фуруд омад. Манбаъ афзуд, дар натиҷа ин бархӯрд яке дастгоҳҳо ё худ “датчик”-и тайёра аз кор мондааст: “Дар пайи ин ҳодиса ба таври фаврӣ барои интиқоли мусофирон аз Красноярск ба Душанбе “Боинг 737-800” равон карда шуд. Инчунин ба Красноярск бо датчики эҳтиётӣ муҳандиси “Сомон Эйр” фиристода шуд ва феълан корҳои ивазкунӣ идома доранд. Ояндаи наздик тайёраи “Сомон Эйр” ба Душанбе хоҳад баргашт.”
Масъулини “Сомон Эйр” таъкид мекунанд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шуда, феълан идома дорад.
Қаблан расонаҳои русӣ аз қавли Оксана Горбунова, масъули додситони нақлиётии Русия навиштанд, ки ҳавопаймои “Сомон Эйр” рӯзи 14 декабр бо 36 мусофир ба фурудгоҳи Емеляново нишаста, баъди дар тавақуфгоҳ истодан, худ ба худ ба қафо ҳаракат мекунад. Дар натиҷа яке аз датчикҳои он хисорот бардоштааст: “Бо ин далел, хатсайри Красноярск – Душанбе, ки қарор буд, соати 05:30-и вақти маҳаллӣ анҷом шавад то 20:20 ба таъхир уфтода ва баъдан мусофирон тавассути ҳавопаймои дигар парвоз кардаанд”.
Ба иттилои расонаҳо, аз рӯи ин далел Прокуратураи нақлиёти Енисей санҷиш мегузаронад.