“Қурбонӣ”-и “бекас”-ҳо ё муборизаи воқеӣ бо фасод?
Дар пасманзари боздошти чанде аз мансабдорони нисбатан воломақом, аз ҷумла раиси Суди иқтисодии Душанбе бо иттиҳоми фасодкорӣ, “Озодагон” аз коршиносон суол кард, ки оё ин оғози амалиёти густурда алайҳи “наҳанг”-ҳои порахӯр аст, ё як вонамуди кор танҳо ба хотири ҳисобот?
Лола Олимова, рӯзноманигори байналхалқӣ
Гарчанд давлат мехоҳад бо коррупсионерҳои калон мубориза барад, аммо ин, ба фикри ман, саршавии кадом амалиёти бузург нест. Дар кишвари мо мутаассифона вақте фарде вазифаи баландмақомро соҳиб мешавад, дар зеҳн гирифтани пораро низ дар назар дорад. Фикр мекунам, ки агар ҳамин хел амалиёт сар мешуд, чандин афродро ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин буд. Ин система ҳаст ва шикастани ин қолаб хеле душвор мебошад, ҳарчанд зоҳиран талош мекунанд, то бо ин система мубориза кунанд.
Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ
Барои пешравии Тоҷикистон яке аз хатарҳои ҷиддӣ фасод мебошад. Ин омил барои ҳам ҳукумат ва ҳам иқтисодиёти кишвар хатар дорад. Мутаассифона, ҳеч не ки сатҳи коррупсия коҳиш ёбад. Бояд як тадобире руйи даст бигиранд, ки ҳадди ақал пеши роҳи ин мушкил гирифта шавад, зеро каррупсия барои давлатдории мо таҳдиди ҷиддӣ шуда истодааст.
Савфат Бурҳонов, рӯзноманигор
Ин корҳо барои худфиребӣ аст. Зеро дар зери ин коса ҳатман нимкосае ҳаст. Шояд роҳи касеро бурид, гурбаи касеро пишт гуфт. Бо фасод чунин мубориза кардан мазмун надорад. Фасодро аз боло решакан мекунанд. Як бор бинед, ки раисҳои калон чӣ гуна медузданд. Ин бечораҳои “бекас” ба хотири омор қурбонӣ мешаванд. Бояд донанд ку, судяро дар Тоҷикистон ҳабс карданд. Аммо бачаи баъзе мансабдору шогирди прокурор одам кушанд ҳам озоданд. “Бовар макун, ки гурбаи зоҳид намоз кард”.