“Ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба таври тоқатнопазир риоя намегардад”
Файзинисо ВОҲИДОВА
Ба ҳама маълум аст, ки 10 декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналмиллалии ҳуқуқи инсон қайд мегардад, зеро дар ин рӯз Баёния оид ба ҳуқуқи инсон қабул шудааст.
Дар асл, ҳар инсон баробари ба дунё омаданаш соҳиби ҳуқуқҳои фитрӣ мешавад. Яъне, ин чунин маънӣ дорад, ки новобаста аз ҳуқуқҳои декларативӣ инсон соҳиби ҳуқуқҳои фитрист, ки аз рӯзи таввалуд шудани ӯ пайдо мешавад. Масалан, ҳар шахс чун ба дунё омад, барои гирифтани ному насаб, ҳаёт ва доштани падару модар, тарбия дар оила, интихоби ҷои зист, қобилияти корӣ ва ғайра ҳуқуқ дорад, ки онҳо ҳуқуқҳои дахлнопазир ва фитрии ҳар инсон аст.
Инчунин ҳуқуқҳое ҳаст, ки шахс дар асоси меъёрҳои пешниҳоднамудаи давлат ба даст меорад. Ин аллакай муносибати байни ҷамъият ва давлат аст, ки дар асоси қонунҳои навиштаи махсус амалӣ мегардад ва шаҳрвандон ба он бояд итоат кунанд. Вобаста ба ҳуқуқи инсон ҳомиёни ҳуқуқи Тоҷикистон солҳои зиёдест, зангула мекӯбанд ва созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи инсон аз ин ба хубӣ огоҳанд.
Ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба таври тоқатнопазир риоя намегардад. Дар сохторҳои ҳуқуқии мамлакат то ҳанӯз шиканҷа мавриди истифода қарор мегирад, ҳодисаҳои боздошти ғайриқонунӣ мавҷуданд. Сохтакории парвандаҳои ҷиноӣ, набудани дастрасӣ ба адолати судӣ, “облава” ҳангоми даъвати наваскарон ба сафи Артиши миллӣ, мушкилоти гендерӣ, маҳдуд сохтани ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар муассисаҳои таълимӣ, набудани озодӣ барои гирифтани таълими ройгон, маҳдудияти некӯаҳволии иҷтимоӣ, набудани интихоботҳои озоду шаффоф ва ҳуқуқи интихоб шудан ва инчунин яқ қатор мушкилоти дигарест, ки сабаби риоя нашудани ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар мегардад.