Хонуми 35-солаи қазоқ зеботарин модари серфарзанди сайёра шинохта шуд
Акнур Ҷумабоева, як хонуми қазоқ зеботарин модари серфарзанд дар ҷаҳон эътироф гардида, ҷоизаи Маликаи сайёра ё “Queen of the planet-2014”-ро соҳиб шудааст. Ин озмун ахиран дар Малта анҷом ёфт.
Акнур Ҷумабоева 35 сол дошта, соҳиби шаш фарзанд - се писар ва се духтар будааст. Ӯ дар як суҳбат гуфтааст: “Ман дучанд хурсанд ҳастам. Ин танҳо ғолибияти ман нест, балки пирӯзии кишвари ман ҳам ҳаст, зеро Қазоқистон бори аввал аст, ки дар чунин озмунҳо баранда мешавад”.
Созмондиҳандагони лоиҳа гуфтаанд, фарзандони бузурги ғолиби озмунро ду ҳафтаи таҳсили тобистона дар Малта интизор аст.