Эрдуғон мардуми Туркияро ба хатти бобоияшон бармегардонад
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия мегӯяд, забони туркии усмонӣ ва хатти арабиасосро дубора дар кишвараш эҳё намуда, онро ҳамчун забони расмии омӯзиш қарор хоҳад дод.
Эрдуғон ибтидои ҳафтаи равон дар 5-умин иҷлоси Шӯрои динии кишвараш дар шаҳри Анқара гуфтааст, “барои эҳёи пайвандҳои осебдидаи мардуми Туркия бо решаҳоямон, ҷойгир кардани дарси алифбои забони арабии усмонӣ зарурӣ аст.” Ӯ аз мухолифони ин иқдом бо шиддат интиқод карда, таъкид кардааст, хоҳанд нахоҳанд, забони туркии усмонӣ дар ин кишвар дубора эҳё ва забони расмии омӯзиш хоҳад шуд: “Бархеҳо вақте фарзандонашон забони туркии усмониро меомӯзанд, ба ғазаб омада мегӯянд, ин забон танҳо барои хондани навиштаҷоти болои мазорҳо ба кор меравад. Аммо ин тавр нест. Ин забони қадимии мардуми Туркия аст, на хориҷӣ. Танҳо бо он мо метавонем ба ҳақиқати гузаштагони худ дубора пайвандем.”
Ин ҳарфҳои Эрдуғон дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дар 19-умин Шӯрои миллии омӯзиши Туркия табдили забони туркии усмонӣ ба забони расмии омӯзиш ва таҳияи маводи таълим бо ин забон дар ин кишвар дархост шуда буд. Забони туркии усмонӣ, ки дар давраи Империяи усмониҳо ҳамчун забони давлатӣ ва адабӣ ба кор мерафт, бо ҳуруфи арабӣ навишта шуда, фарогири вомвожаҳои зиёди форсӣ ва арабӣ аст. Бо сари қудрат омадани Мустафо Камол Отатурк алифбои арабӣ ба лотинӣ табдил шуда, шумораи вомвожаҳои форсӣ ва арабӣ низ дар забони туркӣ кам карда шуд.