Супориши Аҳмадзода ба ситодӣ шаҳрӣ: Ҳар 10 рӯз коратонро натиҷагирӣ кунед
Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии марказҳои савдои аз сӯхтор осебдида дидан карда, гуфтааст, ситоди шаҳрӣ доир ба барқарор намудани ин марказҳо бояд дар 10 рӯз як маротиба кори худро натиҷагирӣ намоянд.
Аз дафтари матбуоти раиси шаҳр ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки то имрӯз дар сохтмони нуқтаҳои савдо пойдевори асосӣ бардошта шуда, таҳкурсии ин нуқтаҳо бо риояи қатъии талаботи меъморӣ бунёд мегарданд. Ба иттилои манбаъ, миқдори нуқтаҳои обтаъминкунии зидди сӯхтор (гидранти обӣ) зиёд карда шуда, дар ҳар як 20 метр чунин нуқтаҳо насб шудаанд.
Шаҳрдори Хуҷанд таъкид кардааст, то 1 феврали соли 2015 бояд марказҳои савдо мавриди истифода ва хизматрасонӣ қарор бигиранд.
Гуфта мешавад, баробари фаъолияти дубораи марказҳои савдо наздики 200 соҳибкор ҷойи кории худро барқарор хоҳанд кард.
Оташсӯзии шаби 15 ба 16 ноябр марказҳои савдои "Тоҷир", "Барфаки Хуҷанд", "Баҳор" ва "Сино"-и назди бозори "Панҷшанбе"-и маркази вилояти Суғдро ба "ком" кашид. Аз дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд ба хабаргузории "Озодагон" гуфтанд, ба маълумоти пешакӣ сӯхтор соати 22:00-и рӯзи 15 ноябр сар зада, то соати 01:30-и шаби 16 ноябр идома кардааст. Тоҷирон мегӯянд, оташсӯзӣ ҳудуди 70 дӯкони бозори “Панҷшанбе”-ро ба ком кашида, марказҳои савдои “Тоҷир”, Сино”, “Баҳор” ва намоишгоҳи мусаввараҳои рассомони тоҷик низ дар пайи он зарар дидаанд.