АКС: Дарёфти ҷасади сарбуридаи сокини 21-солаи Душанбе
Мақомоти пулиси Русия пораҳои ҷасади Муҳаммадҷон Сафарзода, муҳоҷири 21-солаи тоҷикро пайдо намудаанд, ки 25-уми ноябр аз маркази шаҳри Якутия бедарак шуда буд.
Ин хабарро Сафар Азизов, падари Муҳаммадҷон дар суҳбат бо “Озодагон” тасдиқ карда, афзуд, ки то ҳол тамоми аъзои ҷасадаш пурра дарёфт нашудааст: “Қисматҳои аввалро рӯзи 28-уми ноябр пайдо карданд ва ташхис нишон дод, ки ин қисмати ҷасади писарам аст.”
Наздикони Муҳаммадҷон мегӯянд, ахиран боз қисмате аз сари буридаи муҳоҷири ҷавони тоҷик низ дарёфт гардид: "Аммо қисмати пойҳояш то ҳол пайдо нагардидааст. Пораҳои ҷасадро аз нуқтаҳои гуногуни Якутия дарёфт кардаанд. Танаашро аз як ҷо, дастҳояшро аз 500 метр дуртар ва қисмате аз сарашро дар чанд километр дуртар пайдо намудаанд."
Ба гуфтаи наздикон Муҳаммадҷон дар Якутия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт ва машқи варзиш низ мекард.
Сафар Азизов мегӯяд, пулис дар мавриди омилони марги писараш то ҳол иттилои мушаххасе надорад ва изҳор медоранд, ки аз рӯи ин қазия тафтишот идома дорад.
Ин якумин ҳолати сарбурии муҳоҷирони тоҷик дар Русия набуда, дар гузашта низ чунин ҳолатҳо рух дода буданд. Аксҳо аз саҳифаи Одноклассники