Лубнон ҳамсар ва писарони раҳбари "Давлати исломӣ"-ро озод кард
Мақомоти Лубнон ҳамсар ва писарони Абубакр Бағдодӣ, раҳбари созмони террористии “Давлати исломӣ”-ро, ки ҳафтаи қабл дар марзи ин кишвар бо Сурия боздошт шуданд, раҳо кард.
Ба иттилои расонаҳои лубнонӣ, Додгоҳи низомии кишвар рӯзи 10 декабр қарори озодии ҳамсару фарзандони Бағдодӣ ва ҳамсари яке аз раҳбарони гуруҳи террористии “ан-Нусра”-ро содир кардааст.
Раҳоии ҳамсарони раҳбарони ду гуруҳҳи террористӣ дар ҳолест, ки баъд аз боздошти онҳо як сарбози ба гаравафтодаи Лубнон бо номи Алӣ аз сӯи “ан-Нусра” эъдом шуд.
Ин гуруҳ бо пахши як изҳорот хостори раҳоии ҳамсари яке аз раҳбарони худу хонаводаи Бағдодӣ шуда, гуфт, агар ҳукумати Лубнон дархости онҳоро иҷро накунад, сарбозони багаравғалтидаи дигари ин кишвар кушта хоҳанд шуд.