Қарори Убайдуллоев барои кори шабонарӯзии мансабдорон
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор миёни мансабдорони пойтахт барои ҳалли фаврии мушкили сокинон давоми 4 моҳи оянда навбатдории шабонарӯзӣ роҳандозӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев қарор кардааст, ки навбатдорӣ то охири моҳи марти соли 2015 идома хоҳад дошт ва мансабдори навбатдор барои ҳаллу фасли фаврии мушкилоту ниёзмандиҳои сокинони шаҳр масъулияти шахсӣ доранд.
Дар қатори навбатдорон аз муовини худи Убайдуллоев-Хайруллоев Насрулло, Қурбонова Руқия ва Ҳакимов Низом сар карда, то муовинони якуми раисони ноҳияҳо қарор доранд. Тибқи ҷадвали таҳияшуда барои як мансабдор аз ҳукумати Душанбею мақомоти ноҳиявӣ моҳе то чор рӯзи навбатдорӣ рост меояд.