Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон гирдиҳам меоянд
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари расмӣ озими Эрон шуд, бо Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии ин кишвар вохурдааст.
Ба иттилои хабаргузории “Форс”, ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили марбут ба ҳамкории ду кишварро баррасӣ кардаанд. Вазири умури хориҷии Эрон дар идома аз фарҳангу таърих ва дини муштараки сокинони ду кишвар ёдовар шуда, ибрози умедворӣ кардааст, ки муносибатҳои Теҳрону Душанбе боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Ӯ таъкид карда, ки Эрон аз тавонмандии фаннӣ ва муҳандисӣ бархурдор буда, заминаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ фароҳам аст. Вазири умури хориҷии Эрон изҳор доштааст, ки Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон метавонанд дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳои хуб дошта бошанд ва дар ояндаи наздик бо ҳамтои тоҷику афғонаш вохурии сеҷонибаеро баргузор хоҳанд кард.