Ҳамдардии дипломатҳои тоҷик ба Давлаталӣ Назриев
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Давлаталӣ Назриев, собиқ сухангӯи ин ниҳод ва мушовири феълии сафорати Тоҷикистон дар Белорус дар робита ба даргузашти модараш ҳамдардӣ изҳор менамояд.
Ба иттилои манбаъ, модари Давлаталӣ Назриев шаби гузашта аз олам чашм пӯшид ва маросими дафнаш имрӯз, 11 декабр дар минтақаи Даштиҷум баргузор хоҳад шуд.
Ҳайати эҷодии “Озодагон” низ ба Давлаталӣ Назриев дар робита ба даргузашти модараш таъзия баён намуда, аз Худованд барои ӯ ва наздиконаш сабри ҷамил хоҳонанд.