Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир, 32 хоҷагии деҳқонии пахтакор аз ноҳияи Кӯлоб ва 5 хоҷагии дигар аз ноҳияи Восеъ маҳсулоташонро барои коркард ба ин корхона месупоранд. Мирзоев мегӯяд, тибқи шартномаи пешакӣ хоҷагидорон барои ҳар 1-тонна коркарди пахта 205-доллари амрикоӣ ҳақи хизмат ба корхона мегузаронанд. Яъне, даромади софи корхона барои нигаҳдории завод ва ба кортаъминкунии аҳолӣ бо маоши хуб ва пардохти ҳақи андози давлатӣ, ба пуррагӣ басанда аст. Аммо, ба иқрори соҳибмулк, «Пахтаи Кӯлоб» имрӯз ба маблағи наздик ба 500 ҳазор сомонӣ аз андози давлатӣ қарздор мондааст.{jathumbnail off}