Худкушии зани ҷавон шавҳарро пушти панҷара бурд
Мақомоти умури дохилӣ ба иттиҳоми худкушии ҷавонзани 25-солаи тоҷик дар ноҳияи Панҷакент шавҳарашро гунаҳкор мекунанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сокини 34-солаи Панҷакент, Ғулом Усаров дар он айбдор мешавад, ки тариқи дашному латукӯб ҳамсараш-Дилфӯза Усмоноваро ба худкушӣ расондааст. Ба иттилои манбаъ муайян карда шуд, ки дастгиршуда аз соли 2013 то 28-уми ноябри соли ҷорӣ бо ҳамсараш муомилаи бераҳмона карда, дашномҳои қабеҳ медодаасту шаъну шарафашро паст зада, мунтазам латукӯб мекардааст.
Мақомот мегӯянд, дар натиҷа Усмонова рӯзи 29-уми ноябр худро ба дор овехтааст: “Шавҳари Усмонова 8-уми декабр боздошт шудааст ва нисбати далели мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.”