Қарзовӣ ба Интерпол: Аз ту ба Худои худ шикоят мебарам
Пулиси байналмилал ё худ Интерпол Юсуф Қарзовӣ, руҳонии саршиноси суннимазҳаби ҷаҳони Ислом ва раҳбари Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмонро дар пайгарди қонунии худ қарор додааст.
Ин ниҳод мегӯяд, номи Қарзовиро дар баробари 42 узви Ҳаракати “Бародарони мусулмон” (Ихвонулмуслимин) бо дархости мақомоти Миср ба ин феҳрист ворид кардааст. Интерпол дар сомонаи худ бо интишори акс ва мушахассоти шиносномаҳои қатарию мисрии Қарзовӣ, ӯро дар “таҳрики афрод ба қатли амдан, даст доштан дар фирори зиндониёни мисрӣ, оташ задан ва тахрибу ғоратгарии амокин” муттаҳам кардааст.
Қарор гирифтани номи Юсуф Қарзовӣ ба феҳристи афроди таҳти таъқиби Интерполбуда дар ҳолест, ки ахиран Имороти Муттаҳидаи Араб низ иттиҳоди таҳти раҳбарии ӯро созмони террористӣ эълон карда буд. Аммо Юсуф Қарзовӣ дар суҳбат бо расонаҳо ин иттиҳомот алайҳи худро рад карда, гуфтааст, ӯро дар фирори зиндониён дар ҳоле айбдор мекунанд, ки синаш ба 88 расидаву тавони сафар ба хориҷ аз Қатарро надорад.
Ин руҳонии шинохтаи сунни мазҳаб дар посух ба суоли хабарнигор, ки аз болои ин қарори Интерпол ба куҷо шикоят мебарад, гуфтааст, “аз ин қарору афроди "ташаббусгар" танҳо ба Худои худ, ки ҷудокунандаи золим аз мазлуму ҷорикунандаи адолат миёни махлуқонаш аст, шикоят мебарам.”
Юсуф Қарзовӣ 88 сол дошта, яке аз руҳониёни маъруфи мисрӣ ва раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон мебошад. Ӯ бо нашри китобу мақола ва барномаҳои телевизионии динияш миёни мардуми мусулмон мавқеи хосеро касб карда, вақтҳои охир бо мавқегириҳои шадид нисбат ба бархе ҳукком ва сарони кишварҳои арабӣ дар сархати расонаҳои хабарӣ қаро гирифтааст. Қарзовӣ тӯли чанд муддат аст, Мисрро ба қасди Қатар тарк карда, то кунун имом-хатибии масҷиди Умар ибн ал-Хаттоби шаҳри Доҳаро ба зимма дорад.