Бархӯрди маргбори мошину тепловоз дар Суғд
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи 8-уми декабр дар вилояти Суғд бархӯрди маргбори мошину тепловоз рух додааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ Ҳоҷибоев Муъминҷон, сокини 36-солаи Бобоҷон Ғафуров сари фармони мошини “ВАЗ-2106” дар гузаргоҳи воситаҳои нақлиёт дар роҳи оҳани Хуҷанд-Ҷ.Расулов, қоидаҳои ҳаракатро риоя накарда, ба тепловози АГД-1а/551 таҳти идораи машинист Ҷумъабоев Акбаралӣ, сокини 37-солаи ноҳияи Б. Ғафуров бархӯрдааст.
Ба иттилои манбаъ дар натиҷа шаҳрванд Ҳоҷибоев Муъминҷон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст: “Мусофири автомашина Туйчиев Райфони 48-сола бо ҷароҳатҳои вазнин беморхона бистарӣ гардидааст.”