Тасдиқи афви Холиқзода ва пушаймонияш аз барбоди 8 соли корӣ
Додгоҳи шаҳри Душанбе, имрӯз, 9-уми декабр, шикояти кассатсионӣ аз қарори афви Фирӯз Холиқзода, собиқ корманди додситонии ноҳияи Исмоили Сомониро бе ҳузури айбдоршаванда баррасӣ намуда, бетағйир гузошт.
Холиқзода моҳи сентябри соли равон Зеварбону Пирова, кӯчарӯби 53-ро дар назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ пахш намуда, ба гуфтаи шоҳидон аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Аммо баъдан ин ёвари 31-солаи додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, писари Кароматуллоҳ Холиқов, собиқ декани факултети ҳуқуқшиносӣ тибқи қонуни нави афв озод шудааст.
Фахриддин Додометов, додраси додгоҳи Душанбе низ қарори афви Холиқзодаро бетағйир гузошта, изҳор дошт, ки наздикони кӯчарӯби марҳум ҳаққи талаби ҷуброни зарари моддию маънавиро доранд.
Мурод Мирзоев, шавҳари Зеварбону аз ин қарори додгоҳ изҳори норизоӣ кард. Ӯ мегӯяд, афви Холиқзодаро аз рӯи иттиҳоми садамаи маргбор қабул дорад, вале бо навиштани аризаи кассатсионӣ хост, Холиқзодаро аз рӯи иттиҳоми дар ҳоли хатар гузоштани инсон ба ҷавобгарӣ кашанд.
Дар мавриди талаби ҷуброни моддию маънавӣ Мурод Мирзоев изҳор дошт, ки барои талаби он ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард. Ӯ афзуд, ки феълан дар мавриди ҳаҷми ҷуброн фикр накардаанд ва хулосаи дақиқе надоранд.
Оилаи ҷабрдида аз он шикоят дорад, ки Холиқзода боре ҳам аз онҳо узр нахостааст ва баъди афв аз ҳолашон хабар нагирифтааст. Мурод Мирзоев мегӯяд, зимни баррасии парванда дар додгоҳи ноҳиявӣ Холиқзода дар хитоб ба онҳо гуфт, “барои Шумо 8 соли собиқаи кориям дар мақомот барбод рафт.”
Ин дар ҳолест, ки худи Холиқзода қаблан дар суҳбати кутоҳе бо “Озодагон” сарусадо дар бораи маст буданашро рад кард ва изҳор дошт, ки аз ҷои ҳодиса низ нагурехтааст.
Ҳодисаи пахши Зеварбону Пироваи 53-сола, ки ба ҳайси кӯчаруб фаъолият дошт, субҳи 28 сентябр ҳангоми тамиз кардани роҳи назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дод. Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ҳодиса будаанд, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: “Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд” -гуфтанд тамизкорон. Наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба қисмҳо ҷудо кардааст.