Бозгашт ва узрхоҳии Саид Шарифов аз оилаи тоҷикаш (ВИДЕО)
Саид Шарифов, муҳоҷири тоҷик, ки моҳи октябри соли гузашта дар барномаи “Пусть говорят” –и шабакаи аввали телевизиони Русия аз оилаи тоҷикаш рӯй гардонда буд, ба Тоҷикистон баргашта аз ҳамсару фарзандонаш узрхоҳӣ кардааст.
Шаҳзода Абдураҳимова, ҳамсари Саид Шарифов, ки як соли пеш дар барномаи “Пусть говорят”-и шабакаи аввали Русия иштирок карда, хиёнаткории шавҳарашро ифшо намуд, дар суҳбат бо “Озодагон” таъйид намуд, ки Саид баргаштааст ва беш аз як моҳ мешавад, ки боз зиндагии якҷоя доранд. Шаҳзода Абдураҳимова мегӯяд, танҳо ба хотири фарзандонаш Саид Шарифовро дубора қабул кардааст: “Ба хотири ашки се фарзандам, ки мехостанд, падарашонро дар оила бинанд ман ҳам аз гуноҳи Саид гузаштам.”
Ба гуфтаи мусоҳиби “Озодагон” гарчанде Саид Шарифов ҳанӯз чанд моҳи пеш ба Тоҷикистон баргаштааст, вале ҳаёти якҷояро як моҳи пеш оғоз кардаанд: “Дар тӯйи духтари дуюминамон омад ва иштирок дошт ва аз он замон инҷониб ҳаёти якҷоя дорем.”
Шаҳзода Абдураҳимова мегӯяд, дар бораи бозгашт ва сабабҳои ҷудошавӣ аз оилаи рус Саидро пурсупос намекунад, вале худаш гуфтааст, ки муҳлати ҳуҷҷатҳояш ба поён расидааст: “Ҳозир ба кор даромадааст ва субҳи барвақт рафта шаб меояд.”
Ин бозгашти Саид Шарифов дар ҳолест, ки як соли пеш қиссаҳои ӯ дар барномаи “Пусть говорят” баҳсҳои зиёдеро дар Тоҷикистон ба бор овард.
Ин барнома шоми 9-уми октябри соли 2013 тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия ба намоиш гузошта шуда, дар он аз робитаи пинҳонии Шарифов бо Елена Кострикин, зани мутааҳҳил (шавҳардор)-и рус ва фарзанди пинҳонии онҳо қисса мешавад.
Бар асоси гуфтаҳои ин барнома, муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди он ки ӯро дар Тоҷикистон чанд фарзанд ва занаш интизор аст, дар Русия бо Елена Кострикин, зани мутааҳҳили рус робитаи пинҳонӣ ба роҳ монда, ҳатто фарзандор ҳам мешавад. Ин мард хабарҳо дар мавриди оила, зану фарзанд ва волидайнашро, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранду дар бораи ҳаёти ӯ тӯли даҳ сол мешавад, иттилоъ надоранд, аз зани рус пинҳон карда, ҳатто ба ӯ пешниҳоди издивоҷ низ мекунад.
Номи муҳоҷири тоҷик замоне сархати ин барномаи русӣ қарор гирифт, ки Михаил, шавҳари Елена ҳамсари худро ба хиёнат муттаҳам карда, иддао мекунад, ӯ падари фарзандаш нест. Дар ҳоле ки ин зани рус иддаои шавҳарашро рад карда, ӯро қонеъ карданӣ мешавад, ки ӯ падари фарзандаш мебошад.
Масъулони барномаи “Пусть говорят” ин қазияро мавриди пажуҳиш қарор дода, бо гузаронидани се ташхиси тиббии ДНК муайян менамоянд, ки воқеан Михаил падари фарзанди Елена нест. Бар асоси ташхисҳои тиббии мазкур, Саид Шарифов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш аз 42 болост, падари ин тифл мебошад.