Аз 12 то 14 сол. Ҳабси “Ҷага” ва ҳаммаслаконаш дар Русия
Додгоҳи ноҳияи Железнодорожнийи Екатеринбург шаҳрванди Тоҷикистон - Иброҳим Солиҳов, мулақаб ба “Ҷага”-ро барои 14 сол равонаи зиндон кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, “Ҷага” дар созмон додани гуруҳи ҷиноӣ муҷрим шинохта шудааст. Торнамои УралПолит.Ru бо такя ба манобеи худ дар додгоҳи ноҳияи Железнодорожний менависад, ба ҳайати ин гуруҳи ҷинойӣ шаҳрвандони Тоҷикистон шомил будаанд. Онҳо ба соҳибкорони чинӣ, ки дар бозори “Таганский ряд” кор мекардаанд, ҳамла намуда, 1,2 миллион рубли онҳоро рабудаанд.
Ба иттилои манбаъ, аъзои ин гуруҳ аз ҷониби хадамоти амниятии вилояти Свердловск боздошт гардида, дар дуздӣ ва нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ муттаҳам дониста шудаанд. Додгоҳ ҳамаслакони “Ҷага” - Қосимов, Саидов ва Исмоиловро мутаносибан 14 сол, 12 сол ва 12 солу 25 рӯз аз озодӣ маҳрум кардааст.