Муҳоҷирони тоҷикро барои пояфзолдӯздӣ шаш соли зиндон таҳдид мекунад
Дар Екетеренбурги Русия се шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми дуздии даҳҳо қуттии пояфзол дастгир шудаанд.
Раёсати умури дохилии Екетеренбург ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, кормандони пулис ин афродро замоне боздошт карданд, ки дар кӯчаи Ереван аз як анбор қуттиҳои пояфзолро ба боркаши “ГАЗел” ҷой мекарданд: “Ҳаҷми умумии пояфзоле, ки дастгиршудаҳо талоши дуздидани онро кардаанд, 300 ҳазор рубл аст”.
Яке аз ин боздоштшудаҳо ба пулис гуфтааст, қасд доштанд пояфзолҳоро дар ҷои дигар ба савдо зананд. Аз ин афрод ном бурда нашуда, аммо торнамои E1.RU акси ду тани онҳоро нашр кардааст.
Гуфта мешавад, дар сурати исботи гуноҳ онҳоро то шаш соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.