Аз ҳамлаи хунин ба корвони мошинҳои Вазорати дифоъи кишвар 1 сол сипарӣ мешавад.
Маҳз дар ҳамин сана, яъне рӯзи 19-уми сентябри соли 2010 дар дараи Камароби ноҳияи Рашт тайи як ҳамлаи мусаллаҳона ба афсарону сарбозони ин вазорат 23 нафар аскарону афсарон ҷони худро аз даст доданд. Мақомоти расмӣ ин ҳамларо аввалан, кори дасти гурӯҳе аз силоҳбадастони номаълум унвон карданд, вале баъдан, амалиётро ба Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло, яке аз чеҳраҳои собиқи мухолифин, ки то лаҳзаҳои охирини ҳаёташ мусолиҳаи миллиро эътироф накарда буд ва Аловуддин Давлатов, ки бо лақаби Алии Бедакӣ «машҳур» гашт, муртабит донистанд. Баъди ин ҳодиса, нерӯҳои низомии кишвар бо гурӯҳи Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ дар минтақа даргир шуда, ин амалиёт дар апрели соли 2011 бо қатли Мулло Абдулло хотима ёфт…
Тафсилоти бештари мавзӯъро бо фишурдани ин линк пайдо мекунед: https://ozodagon.tj/tahlil/guzorish/2218 {jathumbnail off}