Бонки Тоҷикистон дар Лондон “Бонки сол” унвон шуд
Маҷаллаи бритониёии “The Banker”, марбут ба маҷаллаи “Financial Times”, “Амонатбонк”-и Тоҷикистонро “Бонки сол-2014” унвон кардааст.
Дафтари матбуотии бонки амонатгузорӣ мегӯяд, натиҷаи ин озмуни бонуфуз дар меҳмонхонаи “Интерконтинентал”-и Лондон бо иштироки намояндаҳои бештар аз 100 бонки кишварҳои ҷаҳон эълом шуд.
Ин ҷоиза стандарти ҷаҳонӣ дар умури бонкӣ унвон шуда, ба гуфтаи дафтари матбуотии “Амонатбонк” пирӯзии бонк муваффақияти он дар соли равонро тасдиқ намуда, нақши онро дар системаи молӣ ва иқтисодии Тоҷикистон нишон медиҳад. “Ба назари маҷалла дастоварди аслии “Амонатбонк” устувор сохтани сармояи сатҳи аввал ва хизматрасониҳои нав мебошад”,-афзудааст манбаъ.
Дафтари матбуоти “Амонатбонк” мегӯяд, роҳбурди асосии бонк тақвият додани бахши иқтисодӣ, ба расмият шинохтани шарикони байналмилалӣ ва эътимоди муштариён мебошад: “Мақсади бонк ироа кардани хизматрасониҳои босифат барои мардуми кишвар мебошад”.