Ню-Йорк: Маҳкумияти Чичаклӣ барои ҳамкорӣ бо ширкати Бут дар Тоҷикистон
Додгоҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи панҷшанбеи 4-уми декабр, шаҳрванди суритабори Амрико, Ричард Умар Чичаклӣ, шарики собиқи Виктор Бутро ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Ба иддаои додситонии ИМА Чичаклӣ бархилофи амри раисиҷумҳур ва таҳримҳои эълонкардаи ин кишвар талош намудааст, барои ширкати “Самар Эйр”, ки дар Тоҷикистон сабт шудаасту аз ҷониби Виктор Бут назорат мешудааст, тайёраҳои Боинг харад.
Парванда алайҳи Чичаклӣ баъди боздошти Виктор Бут ва дарёфти бархе маълумот дар компютераш кушода шуда буд ва Амрико Чичаклиро дар он муттаҳам мекунад, ки сарфи назар аз таҳримҳои Амрико алайҳи Виктор Бут, бо ӯ ҳамкорӣ кардааст. Виктор Бут, ки зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия аст, барои фурӯши силоҳ ба террористон дар Амрико ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст.
Шарикаш Чичаклӣ бошад дар он муттаҳам мешавад, ки ба гуфтаи додситонии Амрико соли 2007-ум як ширкати ҳавопаймоии Флоридаро фиреб дода, талош намудааст, аз номи ширкати ҳавоии Samar Airlines, ки дар Тоҷикистон сабт шудаасту аз ҷониби Виктор Бут назорат мегардидааст, аз Амрико тайёраҳои Боинг харад. Чичаклӣ, ки бо роҳбарони ду ширкати ҳавоӣ дар Амрико дар гузашта ҳамкорӣ доштааст, дар мавриди харидории ду тайёраи “Боинг” суҳбат карда, дар мавриди нарх низ ба мувофиқа омадааст. Ӯ ҳамчунин мувофиқа намудааст, ки тайёраҳо ба Тоҷикистон дастрас шаванд.
Аммо ба гуфтаи додситонӣ баъди он, ки ин нияти шарики Бут ошкор шуд, масъулони Samar Airlines нишондоди гӯиё дурӯғин дода, гуфтаанд, Чичаклӣ танҳо миёнарав миёни ширкати тоҷикӣ ва ду ширкати амрикоӣ будааст. Мақомоти Амрико барои исботи шарикии Бут ва Чичаклӣ ширкати маслиҳатдиҳии ВВС-ро ном мебаранд, ки дар Русия сабт шудаасту яке аз мушоворони хусусигардонии бахши ҳавопаймоии Тоҷикистон будааст. Аз ин пештар Чичаклӣ барои қаллобию фиребкорӣ ба пардохти 1 миллиону 770 ҳазор доллари амрикоӣ муваззаф шуд.
Аммо худи Чичаклӣ аз ҳукми додгоҳ изҳори норозигӣ карда, изҳор доштааст, ки аз болои он шикояти касатсионӣ хоҳад бурд.