АКС: Созиши Кобулу Душанбе барои истирдоди маҳбусон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо раиси Вулус Ҷиргаи (парлумони) Афғонистон Абдуррауфи Иброҳимӣ масоили амниятӣ ва маҳбусони ду кишварро баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуррауфи Иброҳимӣ дар мавриди истирдоди мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳабсхонаҳои ҳамдигар ба тавофуқ расидаанд ва ин амалро зарурӣ хондаанд.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот изҳор доштааст, ки “рушди ҳамкорӣ бо Афғонистони ҳамсоя, ҳамзабон ва ҳамкеш аз авлавиятҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати мо мебошад ва масъалаи комилан ба эътидол овардани вазъияти ин кишвар ва истиқрори сулҳу суботи он барои Тоҷикистон масъалаи калидӣ ва ниҳоят муҳим аст”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори боварӣ кардааст, ки Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар амри таҳкими суботи пойдору бардавом, аз ҷумла тавассути нигоҳ доштани тавозуни маъқул ва санҷидаи сиёсӣ ва миллию қавмӣ, комёб хоҳад буд.
Абдуррауфи Иброҳимӣ дар навбати худ ба нақши Тоҷикистон ва хусусан саҳми бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон дар пуштибонӣ аз манфиатҳои Афғонистон дар минтақа ва ҷаҳон ва ҳам ба дӯстию ҳамсоягии наку ва муҳтавои ҳамкории ду кишвари ҳамфарҳанг баҳои баланд дода, аз номи роҳбарият ва мардуми Афғонистон арзи сипосу қадрдонӣ намуд. Ҷонибҳо таъкид намудаанд, ки ҳанӯз имкониятҳои зиёди истифоданашуда барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун миёни Тоҷикистону Афғонистон истифода нашудаанд.