АКС: Рамзан Қодиров аз маҳви “шайтон”-ҳо хабар дод
Рамзан Қодиров, райисҷумҳури Чеченистон аз анҷоми амалиёти зиди террористон дар шаҳри Грозний хабар додааст.
“Шайтонҳо нерӯи охири худро нишон доданд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар 15-20 дақиқа тавонистанд онҳоро маҳв созанд”,-гуфтааст ӯ дар суҳбат ба журналистон. Ба қавли райисҷумҳури Чеченистон, миёни кормандони мақомоти қудратӣ, ки дар амалиёти вижа иштирок карданд, касе зиён надидааст. Президент гуфтааст, ҷасади 9 ҷангҷӯ пайдо шуда, ҷасадҳои дигарро аз зери заворҳо мекобанд. Дар ин ҳол, бархе расонаҳо аз кушта шудани 10 маъмури пулис дар пайи ин даргирӣ иттилоъ медиҳанд.
Задухӯрди мусаллаҳона дар маркази Грозний шаби сипаришуда аснои тафтиши ҳуҷҷатҳо дар як постгоҳи нозирони роҳ оғоз шуд. Бино ба хабарҳо як гуруҳи мусаллаҳ се корманди пулисро паронда, бинои Хонаи матбуотро ишғол кардаанд. Аммо баъдан эълон гардид, низомиёни давлатӣ онҳоро ба муҳосира гирифтаанд.