Довудзай ба раисҷумҳури Афғонистон: Ба умеди ҳамсоя нашавед!
Муҳаммадумар Довудзай, вазири умури дохилии пешини Афғонистон аз Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури тозаинтихоби ин кишвар даъват кардааст, барои барқарор кардани сулҳ пайи роҳҳалу ибтикорҳои нав бошад ва “хобу хаёл”-ро канор гузорад.
Довудзай рӯзи 4 декабр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул гуфтааст, ҳукумати нави Афғонистон бояд ҳеч интизорие аз Покистон дар робита ба сулҳ надошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти покистонӣ дар баробари аҳдномаҳои хеш содиқ нестанд ва ҳаргиз барои сулҳ бо Афғонистон ҳамкории содиқона намекунанд.
Вазири умури дохилии пешини Афғонистон таъкид кардааст, ки садоқати Покистон дар баробари сулҳи Афғонистон озмуда шудааст ва дигар озмударо озмудан хато аст: “Ҳоло агар мо боз ҳам ба ин умед бошем, ки Покистон масъаларо ҳал кунад ё Толибонро ба мизи музокира биёрад, ин хаёлу хоб аст. Худо кунад, ки ин ҳамаро раисҷумҳур дарк кунад ва бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои гузашта аз роҳу ибтикорҳои нав кор гирад. Он нусхаҳо озмуда шудааст.”
Муҳаммадумар Довудзай мегӯяд, гуруҳи Толибон аз сӯи хадамоти истихборотии кишварҳои минтақа ҳимоят мешавад ва ягона роҳи овардани сулҳи доимӣ дар Афғонистон тақвият бахшидани артиши ин кишвар аст, то дар баробари Толибон истодагарии муассир дошта бошад.