"Фош кардани пулҳои ғайриқонунии духтари президент кори саҳл нест"
Коршиносон бар ин боваранд, фош кардани пулҳои ғайриқонунии Гулнора Каримова, духтари калони райисҷумҳури Узбакистон кори саҳл нест.
Духтари Ислом Каримов дар Шветсия, Шветсария, Ҳолланд, Фаронса, Латвия ва чанд кишвари дигар дар пулшуӣ ва фасод муттаҳам мешавад. Гулнора Каримоваро барои гирифтани пора дар ҳаҷми калон аз ширкатҳои мухобиротӣ дар Узбакистон ва қонунӣ кардани онҳо бо роҳҳои ришваситонӣ муттаҳам медонанд. Сентябри соли ҷорӣ додситонии Узбакистон ҳам номи ӯро дар робита ба чанд ҷиноят навишт. Аз ин пеш додгоҳи ҳарбии Узбакистон шарикони Гулнора Каримова - Гаяне Авакян ва Рустам Мадумаровро дар рабудани одамон муттаҳам кард.
Алан Делетроз, яке аз раҳбарони маркази таҳқиқотии “FRIDE”, коршиноси умури ҳуқуқи башар ва фасод дар Узбакистон, муътақид аст, ихтиёр ва тавоноии чеҳраҳои расмии Шветсария дар қазияи Гулноар Каримова маҳдуд аст. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳуқуқвайронкунӣ дар Узбакистон сар задааст. Ҳарчанд мақомоти ин кишвар парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд, вале талош намекунанд бо Шветсария ё дигар кишвар ҳамкорӣ намоянд. Табиист, имкони ифшо кардани роҳи ҷиноятии ин пулҳо зиёд нест. Ибтикори вакилони мудофеи Узбакистон ҳам замоне амалӣ мешавад, ки агар ҷониби Шветсария роҳи ғайриқонунии ин пулҳоро ифшо кунад.
Бино ба иттилои расонаҳо, Гулнора Каримова, ки як замон аз пурнуфузтарин чеҳраҳои Узбакистон буд, беш аз ҳафт моҳ мешавад дар манзиле дар шаҳри Тошканд дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.