Эрон хостори пурзӯршавии омӯзиши хатти форсӣ дар Тоҷикистон шуд
Алӣ Ҷаннатӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон хостори пурзӯр кардани таълими хатти форсӣ ба донишомӯзони макотиби миёнаи Тоҷикистон шудааст.
Оқои Ҷаннатӣ зимни имзои тафоҳумномаи ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Эрон бо ҳамтои тоҷикаш гуфтааст, “забон ва хатти форсӣ моли ниёкони мо буда, омӯзиш ва ҳифзи ин сармояи муштарак зарур аст”. Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон изҳор доштааст, барои ҳифз ва ҳимояти ин сармояи муштарак бояд кӯдаконро аз давраи таҳсили ибтидоияшон бо ин хат ошно кард, то насли нав аз китобу асарҳои зиёд, ки бо хатти форсӣ навишта шудаанд, баҳраманд шаванд.
Ба гуфтаи оқои Ҷаннатӣ, бо густариши дини мубини Ислом ба кишварҳои мухталиф, забону хатти аксари ин давлатҳо ба арабӣ тағйир ёфтаанд, вале мардуми Эрон ҳарчанд ин динро пазируфтанд, барои ҳифзу ҳимояти хатту забони худ талош карданд. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон низ дар тақвияти суханҳои ҳамтои эрониаш илова кардааст, ҳоло дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо, собиқ Шарқшиносӣ фаъолият мекунад, ки дорои шӯъбаи забони форсӣ буда, ба донишомӯзон ин хатт таълим дода мешавад.
Вазири фарҳанги Эрон дар идома ба мусиқии барҷастаи мардуми Тоҷикистон ишора карда, илова намудааст, дар бахши мусиқӣ низ метавон ҳамкориҳои хуберо ба роҳ монд ва аҳли мусиқии Тоҷикистон имкон доранд, бо иштирок дар ҷашнвораҳои Эрон мусиқии худро муаррифӣ кунанд.
Зинда шудани баҳси омӯзиши хатти форсӣ миёни вазирони фарҳанги ду кишвар дар ҳолест, ки мақомоти Эрон қаблан низ гуфта буданд, интизори иҷозаи ҳукумати Тоҷикистонанд, то тариқи Бунёди Саъдӣ дар макотиб ва донишгоҳҳои Тоҷикистон таълими хатти форсиро роҳандозӣ кунад. Муҳаммадризо Дарбандӣ, муовини мудири Бунёд дар умури байналмилалӣ дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ гуфта буд, дар сурати дарёфти иҷоза курсҳои таълими хатти форсӣ дар муассисоти таълимии Тоҷикистон ояндаи наздик оғоз хоҳанд шуд: “Хатти форсӣ дар Тоҷикистон хеле муҳим аст, чун аксари китобҳо дар ин кишвар ба ҳуруфи кириллӣ навишта шудаанд".
Дар Тоҷикистон бозгашт аз ҳуруфи кириллӣ ба хатти форсӣ солҳост, ба як баҳси доғ табдил ёфтааст. Қаблан Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон изҳор дошт, дар ҳоли ҳозир мухолифи бозгашт ба хатти форсӣ аст. Саидов таъкид кард, гузаштаро ҳатман омӯхтан ва дар хотир гирифтан лозим, чунки ин хотираи инсон мебошад, шахсе, ки гузаштаро намеомӯзад ва хотира надорад манқурт мебошад. Вазири маориф мегӯяд, ӯ тарафдори он ҳаст, ки дар мактабҳо "Алифбои ниёгон" ҷиддӣ тадрис карда шаваду ҳар як зиёии тоҷик хатти форсӣ-арабиасосро донад ва таҳқиқоти илмӣ барад, "лекин аз ҷиҳати иқтисодӣ дар ҷомеаи мо гузаштан ба хатти форсӣ ба манфиати мо намебошад".