Туркманистон барои майдони мармарин 5 миллиард доллар масраф кардааст
Ҳукумати Туркманистон барои бунёди маҷмааи мармарини олимпӣ дар шаҳри Ашқобод ҳудуди 5 миллиард доллар харҷ кардааст.
Ба иттилои расонаҳои туркманӣ, Қурбонгули Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури ин кишвар гуфтааст, бояд ҳамаи биноҳои нави Ашқобод ранги сафед дошта бошанд. Пойтахти Туркманистон ба хотири доштани биноҳои зиёди мармарин дар китоби рекорҳои Гиннес номнавис шудааст. Ин санги сафед аз кишварҳои Италия, Испания, Чин ва Ветнам ба Туркманистон ворид мешавад. Тайи 15 соли ахир девори ҳудуди 540 бинои дафтарҳои корӣ ва вазоратҳо бо ин санг оро дода шудааст.
Гуфта мешавад, бунёди сохтмони биноҳои нав ба хотири мусобиқаи Осиёии соли 2017 оид ба ҳунарҳои размӣ аст. Раҳбари кумитаи олимпии Осиё - Аҳмад ал Фаҳад ал Сабоҳ аз ин мусобиқот истиқбол карда, 28 ноябр барои гузаронидани он бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов қарордод имзо кард.