АКС: “New style”-и Шабнами Сурайё ва “хостан”-у “нахостан”-ҳои ӯ дар интернет
Яке аз саҳифаи Фейсбукии сабтшуда ба номи Шабнами Сурайё, хонандаи саршиноси попи тоҷик бо нашри чанд акс аз “стили нав”-и ӯ хабар додааст.
Ин аксҳо низ мисли суратҳои қаблии ӯ бо ҳиҷоб бардошта шуда ва дар шарҳи он "New style" (стили нав) навишта шудааст. Охирин шарҳи ин саҳифаро ҳамагӣ 12 соати пеш гузоштаанд: “Агар ман зиёд набудам, се сабаб дошт: 1. Намехостам. 2. Намехостам. 3. Боз намехостам. Ҳоло омадам ва сабабаш ин ки ХОСТАМ. (Esli ya dolgo ne vikhodilo, to na eto 3 prichini: 1. Ne khotela. 2. Ne khotela. 3. Opayt ne khotela. A teper ya vishla, a prichina v tom, chto ZAKHOTELA. S. Surayo).
Дар интернет чанд саҳифае бо номи Шабнами Сурайё мавҷуд аст, ки охирин аксҳои ӯро нашр мекунад ва аз номи ӯ шарҳ менависад. Ахиран, продюсери тоҷик Диловари Мизроб гуфт, ҳеч яке аз ин саҳифаҳо ба Шабнам иртиботе надоранд ва намедонанд, онҳоро кӣ гардон мекунад. Аммо афроди ҳолдон мегӯянд, танҳо афроди наздик ба Шабнам метавонанд ба ин аксҳо дастрасӣ дошта бошанд ва ҳам аз нақшаҳои ӯ огоҳ бошанд.
Шабнами Сурайё, духтари Сурайё Қосимова аст, ки охирҳои моҳи август ҳамроҳи хоҳаронаш –Фарзонаву Бибирӯзигул ва духтараш Шарифамоҳ ба зиёрати Хонаи Худо рафт ва “ҳоҷибибӣ” шуд. \