Мушкили "маош" фаъоли ДИИШ-ро водор ба тарки майдони ҷанг кард
Вазорати умури дохилии Ҳиндустон аз боздошти як шаҳрванди кишвараш хабар медиҳад, ки дар эътироз ба пардохт нашудани “ҳақмуздаш” саффи ҷангҷӯёни созмони террористии ДИИШ-ро тарк кардааст.
Ин шаҳрванди Ҳиндустон, ки аз ӯ Ариб Маҷид ном бурда мешавад, дар роҳи бозгашт аз Сурия аз сӯи маъмурини амниятии Туркия боздошт ва ба мақомоти умури дохилии Ҳиндустон таслим шудааст. Ба иттилои манбаъ, оқои Маҷид гуфта, баъд аз куштани 55 нафар ва қатъ шудани пардохти “ҳақмуздаш” аз сӯи ДИИШ дубора хостааст, ба Ватан баргардад.
Вазорати умури дохилии Ҳиндустон мегӯяд, Ариб Маҷид аз зумраи 40 ҷавоне мебошад, ки моҳи майи соли равон аз роҳи ҳавоӣ ба Ироқ ва аз он ҷо тавассути роҳи заминӣ ба саффи ҷанҷӯёни ДИИШ пайвастаанд. Ҳоло ин шаҳванди Ҳиндустон то 9 декабри соли равон ба ҳабси муваққат маҳкум шуда, тафтишот идома дорад.