Коршиноси рус: Бо рафтани Кабирӣ ҲНИТ аз ҳам мепошад ва раҳбари ифротӣ ба раъс меояд
Алексей Малашенко, коршиноси маркази Карнегӣ гуфтааст, бо аз раҳбарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рафтани Муҳиддин Кабирӣ ин ҳизб аз ҳам мепошад. Ӯ ин нуктаро дар як мусоҳиба бо рӯзномаи “Независимая газета” изҳор доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, тоза аз Тюмен, ки теъдоди қобили мулоҳизаи тоҷикон он ҷо кор мекунад, баргашт: “Муҳоҷирони тоҷик дар марзҳои ҷанубии Сибир, Урал ва ҳатто дар Ёқутистон (Якутия) ҳастанд. Қариб ҳамаи онҳо ҷонибдорони ҲНИТ-анд ва агар имкони раъй додан доштанд ин ҳизб курсиҳои бештареро дар парлумон аз худ мекард. Раҳбари ҳизб - Муҳиддин Кабирӣ шуҳрат ва таъсири бузург дорад. Қувваҳои хориҷ аз Тоҷикистон раванди интихоботро идора карда наметавонанд. Бинобар ин, онҳо ба шумори ҷонибдорони баҳошиярафтаи ҲНИТ табдил ёфтаанд".
Малашенко бар ин назар аст, агар дар интихобот тақаллуб сурат бигирад, он вақт ҳизбе, ки натавонист барои вориди парлумон шудан раъй ба даст орад, дучори тағйирот мешавад. Кабирӣ садоқати худро нисбат ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон тағйир медиҳад. Ӯ гуфтааст, рафтани Кабирӣ барои режими Раҳмон таҷрибаи талхе мешавад. "Бо рафтани Кабирӣ ҲНИТ аз ҳам мепошад ва раҳбари ифоротӣ ба раъс меояд. Номзадҳо вуҷуд доранд, аммо, дар ҷараёни аз нав шакл додани ҲНИТ дар қадами аввал ифротгароёни исломӣ ҳузур пайдо мекунанд. Он замон режими Раҳмон зери хатари ҷиддӣ мемонад. Ба ҳамин шакл, хатар натанҳо аз ҷониби исломгароёни дохилӣ, балки ҷонибдорони онҳо аз ДИИШ ва Афғонистон ҳам ҳамроҳ мешаванд",-афзудааст коршинос.
Ба назари Алексей Малашенко ҳукуматро лозим аст бо Кабирӣ гуфтугӯ кунад ва ба ӯ имкон диҳад, дар парлумон 10 ҷой дошта бошад, бидуни ин ки фикр кунанд, замони қавӣ шудани эътирозот пойгоҳи 201-и Русия ба кумак биёяд: “Тибқи арзёбии коршиносон мунтақидони ҳукумати феълӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Ҳукумат ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад иқтисодро аз буҳрони амиқ бурун кунад. Вазъи иҷтимоии мардум сол аз сол бад мешавад. Ин вазъ бо дучор шудани Русия ба таҳрими Ғарб амиқтар шудааст. Интиқоли пули муҳоҷирон поин рафтааст. Онҳо аз ояндаи худ дар Русия нигарон ҳастанд ва баргаштанашон ҳам ба нокуҷо аст”.