Боздошти ҷангҷӯи тоҷики ДИИШ аз ҷониби курдҳо дар Кубонӣ
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Кубонии Сурия аз сӯи ҷангҷӯёни курдӣ ба гарав гирифта шудааст.
Ба иттилои расонаҳои сурӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки ному насабаш зикр нашудааст, дар ҳоле ба асорат ғалтида, ки гӯиё ба ҷонибдорӣ аз созмони террористии ДИИШ меҷангид.
Манобеи хабарии Сурия мегӯянд, ин ҳодиса рӯзи 3 декабр дар пайи задухурдҳои мусаллаҳонаи шадиди неруҳои курдӣ бо ҷангҷӯёни ДИИШ, ки беш аз 24 соат дар шимоли ин кишвар тул кашид, рух додааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон иштирок доранд ва то ҳол беш аз 50 нафарашон ҷон бохтаанд. Ба иттилои манбаъ аксари ин ҷавонон аз Русия ба ҷангҳои хориҷӣ ҷалб карда мешаванд.