Мусодираи 17 кг маводи нашъадор аз шаҳрванди Қирғизистон дар Шуғнон
Оҷонсии назорати маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, дар ноҳияи Шуғнони Бадахшони Куҳӣ аз як шаҳрванди Қирғизистон наздики 17 кило маводи нашъадор мусодира кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳамаи маводи мусодирагардида, ҳашиш буда, табааи 52-солаи Қирғизистон қасд доштааст, онро тавассути вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба шаҳри Ош ва аз онҷо ба Русия интиқол бидиҳад. “Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 200 қ.4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад”,-хабар медиҳад манбаъ.