Даргузашт ва тақдири талхи рассоми парвардаи Тоҷикистон
Лютсиан Долинский, рассом, ки на танҳо бо асарҳо, балки бо тақдири талхаш низ маъруф аст, дар 76-умин соли ҳаёташ дар шаҳри Санкт Петербург аз олам чашм пӯшидааст. Дар ин бора расонаҳои Петербург бо такя ба мақомоти фарҳанги ин шаҳр хабар медиҳанд.
Долинский соли 1942 дар лагери Қараганда таваллуд шуда, дар бораи падару модараш маълумоте нест. Баъди қабул ба фарзандхонӣ соли 1946 бо модарандараш ба Тоҷикистон бадарға шудааст ва дар шаҳри Қӯрғонтеппа зиндагӣ кардааст. Дар пайи латукӯб аз ҷониби оилаи нав дар хурдсолӣ қобилияти шунавоии худро аз даст медиҳад.
Долинский соли 1963 Омӯзишгоҳи рассомии Тоҷикистонро хатм намуда, ба ҳайси ороишгар фаъолият доштааст. Солҳои 60-уми асри 20 баъди нахустин намоишҳояш мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, вале ба зудӣ “мамнуъ” эълон гардид, чун мақомдорони СССР дар осораш гӯиё идеологияи буржуазӣ дарёфтаанд. Дар баробари манъи намоишҳо ба Долинский иҷозаи фаъолияти омӯзгорӣ дар қаламрави СССР-ро низ надодаанд.
Танҳо баъди эълони бозсозӣ, соли 1986 ин рассом ба Санкт Петербург баргашта дар марказҳои маъруфи фарҳангии ин шаҳр - "Арт-Лига", "Манеж", “Пушкинская 10” ва ғайра асарҳояшро ба намоиш гузоштааст.