Хуршед ФОЗИЛОВ
Ҳақбердиев Саидалӣ, ҷавони 24 солаи деҳаи Яккахонаи ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент 4 ноябри соли равон пас аз боздошт шуданаш аз тарафи кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, аз рӯи гуфтаи худаш, мавриди шиканҷа қарор мегирад.
ҚУРБОНИИ ПАРДАИ ГӮШ
Замоне мо барои ҳамсӯҳбат шудан бо ӯ ба беморхонаи марказӣ рафтем, Саидалӣ рӯи бистар буд ва волидонаш болои сари ӯ қарор доштанд. Падари ин ҷавон Мирзоалӣ Ҳақбердиев ҳангоми сӯҳбат гуфт, ки писарашро 4 ноябр кормандони комиссариати ҳарбӣ, ки бе либоси низомӣ буданд, бо кӯмаки 2 нафар ҳамдеҳаашон боздошт мекунанд: «Бо вуҷуди он, ки пеш аз ин ба номи писари ман ягон маротиба даъватнома надодаанд, писарам розӣ мешавад, ки хизмати аскарӣ кунад. Зеро ӯ маълумоти олӣ дошту 1 сол хизмат мекард. Аммо ҳангоми аз деҳа ба шаҳр овардан, даруни мошин писарамро намедонам бо кадом сабабе кормандони комиссариати ҳарбӣ мезананд ва дар натиҷа пардаи гӯшаш дарида, беҳуш мешавад ва ӯро ба беморхона меоранд». Хостем назари худи Саидалиро дар ин маврид пурсем, аммо ӯ исрор дошт, ки тавони сӯҳбат карданро надорад. Вале бо ин вуҷуд тавонист бигӯяд, ки онҳо-кормандони комиссариати ҳарбӣ 3 нафар буданд. Вале чун ғайриқонунӣ будани амали онҳо, яъне кормандони комиссариатро гуфтам, 1 нафарашон ба шӯр омада, сари маро ба мошин зер карда, ба баногӯшам сахт зад. Сарам чарх зад ва дигар намедонам чӣ шуд. Чун ба худ омадам, аллакай дар беморхона будам.
КОМИССАР: ТОШЕВ БАЧАИ ХУБ!
Дар ҳамин ҳол комиссари комиссариати ҳарбии ш.Панҷакент, Хуршед Қобилов ҳини сӯҳбат гуфт, ки хабари лату кӯби Ҳақбердиев Саидалӣ ба мантиқ рост нест. Зеро агар кормандони мо ӯро зада бошанд, чаро ягон нафар надидааст? Дар мо ҳама одамони соҳибмаълумот кор мекунанд. Аслан воқеа ин тавр рух додааст:
-Ҳангоми овардани ин нафар аз деҳа, мошин дар гардиши деҳаи Колхозчиён суст мешавад ва Ҳақбериев Саидалӣ худашро аз мошин мепартояд ва ҷароҳат мебардорад. Ин ҷо боз саволе пайдо мешавад, ки агар ӯро кормандони мо зада бошанд, чаро дигар мавзеъаш неву танҳо ҳамон тарафаш, ки худро аз мошин партофтааст, ҷароҳат ёфт? Корманди мо дар ҳамон ҷамоат, ки Урунбек Тошев аст, аз дигар кормандон дида, бачаи беозор мебошад ва ман боварӣ надорам, ки ӯ ба ин амал даст занад.
САНҶИШИ ПРОКУРАТУРА ВА НИГАРОНИИ МОДАР
Модари Саидалӣ, Тӯҳфа Сӯфиева мегӯяд, пас аз ба беморхона овардани писараш 5 ноябр ба прокуратураи ш.Панҷакент аризаи даъвоӣ навиштааст. Аз прокуратураи ш.Панҷакет ба мо хабар доданд, ки муроҷиати Тӯҳфа Сӯфиева қабул ва мавод тартиб дода шуда аз рӯи ваколат ба прокуратураи ҳарбӣ равона гардидааст. Масъалаи «облава», шиканҷа ҳангоми ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ замони охир аз масъалаҳои ба қавле интригавӣ буда, зуд-зуд расонаӣ шудан дорад. Зеро ҳатто худи Сарвари давлат сареҳатан зидди «облава» баромада, даъват карда буданд, ки ба ин амали нангин садд гузоранд! Дар ин самт собиқ ташкилоти ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» дар шимоли кишвар машғул буд. Вале пас аз «гирудорҳо» ин ташкилот баста шуд. Имрӯз ин масъулиятро Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» ба зима дорад ва бо ҳимояи даъватшавандагон ва аскароне, ки мавриди шиканҷа қарор мегиранд, банд аст. Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» мегӯяд, аз кӯча дошта бурдани даъватшаванда амали ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад. Алалхусус, ки ба Ҳақбериев Саидалӣ даъватнома надодаанду огоҳӣ ҳам накардаанд.