Аз мошинҳои сиёҳшиша то гурез аз хидмат дар суҳбати Раҳимзода бо ҷавонони Бадахшон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари расмӣ дар вилояти Бадахшон қарор дорад, бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ мулоқот кардааст.
Вазири умури дохилии кишвар дар ин мулоқот аз ҷавонони Бадахшон даъват кардааст, ба ҷангҳои баъзе аз кишварҳои исломӣ, аз қабили Сурия нараванд. Ӯ инчунин муносибати ҷавонони ин минтақа бо хидмати ҳарбиро ба миён гузошта, хостааст, дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар фаъъол бошанд.
Дафтари матбуоти ВУД мегӯяд, ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон, мубтало гаштан ба нашъамандӣ, вируси норасоии бадан (СПИД), мушкилоти майзадагӣ, масоили худкушӣ, даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ ва ба ҳалокат расидани ҷавонон, бе ҳуҷҷати ронандагӣ рондани воситаи нақлиёт, автомашинаҳои сиёҳшиша, кору фаъолият ва шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию эсктремистӣ аз мавзуъҳои дигари суҳбати Раҳимзода бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба шумор мерафт.
Даъвати Раҳимзода аз ҷавонони Бадахшон барои фаъол будан дар саффи артиши кишвар дар ҳолест, ки дар оғози даъвати тирамоҳии ҷавонон ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар низ ба ин масъала дахл карда буд. Раисҷумҳур дар мулоқот бо Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон аз гурези сокинони Хоруғ аз хидмати ҳарбӣ ва кашол ёфтани иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар вилоят изҳори нигаронӣ намудааст.