Эмомалӣ Раҳмон раисони 8 шаҳру ноҳияро иваз кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 2-юми декабр бо судури як қатор фармон раисони бархе аз шаҳру навоҳии кишварро иваз намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур Матлубахон Сатториён иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд таъйин гардидааст. Ӯ дар гузашта ба ҳайси раиси шаҳри Истиқлол ва узви Маҷлиси Миллӣ фаъолият доштааст.
Худойназар Амонзода, ки бо фармони раисиҷумҳур иҷрокунандаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъин гардид, қаблан раиси шаҳри Қайроқум будааст. Акнун бо фаромини нав Амонзода ба ҷои Сатториён рафту Сатториён ба ҷои Амонзода омад.
Инчунин тибқи иттилои Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур Шарбатулло Девонаев, ки то ҳол директори хоҷагии зотпарварии “Ҳисор”-и Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор буд, раиси ноҳияи Вахш ва Рамазон Оймаҳмадов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон таъин гардидаанд.
Баробари ин, Ғайбулло Боҳиров, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом, Маҳмадҷобир Ризоев раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ғайрат Азизов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъин шудаанд.