Раҳбари парлумони Афғонистон аз НБО “Норак” боздид мекунад
Абдул Рауф Иброҳимӣ, раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Афғонистон, ё худ палатаи поёнии парлумони ин кишвар дар доираи сафари серӯзааш дар Тоҷикистон аз нерӯгоҳи барқи обии “Норак” боздид мекунад.
Тавре Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумони Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ дод, Иброҳимӣ 3-юми декабр бо даъвати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Точикистон бо сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад.
Ба иттилои манбаъ Абдул Рауф Иброҳимӣ зимни сафари серӯзааш ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шукурчон Зухуров, раиси палатаи поёнии парлумон, бо роҳбарияти вазорати адлия, корҳои дохилӣ ва дигар шахсони воломақом мулоқот хоҳад кард.
Манбаъ мегӯяд, ҳайати Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Афғонистон дар доираи ин сафар аз осорхонаи миллии Тоҷикистон ва кохи «Наврӯз», нерӯгоҳи барқи оби шаҳри Норак ва китобхонаи он дидан менамоянд.
Тибқи иттилои расмӣ мубодилоти коло миёни Тоҷикистону Афғонистон дар муқоиса ба солҳои пеш се маротиба афзудааст ва то ба имрӯз тақрибан ба 150 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Миёни ду кишвар дар болои рӯдхонаи Панҷ расман панҷ пул (пулҳо дар Панҷи Поён - “Дӯстӣ”, Ишкошим, Хоруғ (Тем), Дарвоз (Рузвай) ва Ванҷ (Хумроғӣ) сохта шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон айни ҳол 85 ширкати афғонӣ фаъолият намуда, то имрӯз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон 68 созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расидааст.