Ҳабси панҷ нафар бо иттиҳоми гӯш кардани президент
Мақомоти Туркия панҷ нафарро бо иттиҳоми ғайриқонунӣ гӯш кардани суҳбатҳои Раҷаб тайиб Эрдуғон, райисҷумҳури ин кишвар боздошт кардаанд. Дар ин бора рӯзномаи “Hurriyet” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар робита ба ин қазия дар умум номи 13 нафар, бо шумули раҳбари собиқи Хадамоти амниятии Туркия ва сарвари пешини Шӯрои тадқиқоти илмӣ-технологии ин кишвар (TUBITAK) гирифта мешавад. Додситонии Туркия онҳоро тибқи моддаи “ҷосусии сиёсӣ”, ки маҳрумият аз озодӣ то 20 солро пешбинӣ мекунад, айбдор кардааст.
Моҳи декабри соли 2012 расонаҳо навиштанд, ки Хадамоти махсуси Туркия ба таври ғайриқонунӣ тайи се сол суҳбатҳои 7 ҳазор нафар, бо шумули узви парлумон, чеҳраҳои саршинос ва фаъолони ҷамъиятиро гӯш мекардаанд. Баъдан дар интернет сабти як суҳбати телефонӣ нашр шуд, ки гуфта мешуд, Эрдуғон бо писараш гап мезанад. Онҷо сухан дар бораи пинҳон кардани даҳҳо миллион доллар мерафт. Аммо экспертиза хулоса намуд, ки ин сабт тақаллубӣ аст.
Эрдуғон гуфта буд, онҳое, ки талоши ғасби ҳукумати қонуниро доштанд, маълум шудаанд. Ӯ аз Фатҳулло Гюлен ном бурд, ки бо раҳбарии ИМА фаъолият мебарад.